Клуби футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар доираи даври плей-оффи Ҷоми КФО дар вохӯрии ҷавобӣ бо «Аҳал»-и Туркманистон мусовӣ кард ва ба даври гуруҳӣ роҳ ёфт.
Вохӯрӣ имрӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор шуд. Кӯшишҳои ҳарду даста барои задани гол самара надод ва бозӣ бо натиҷаи мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Ин натиҷа ба «Хуҷанд» имкон дод, ки ба даври гуруҳӣ барояд, зеро дар бозии якум дар Туркманистон ҳисоби бозӣ 1:1 шуд, ки голи дар сафар задаи хуҷандиҳо боиси бартарии онҳо шуд.
«Хуҷанд» дар Ҷоми КФО дар гуруҳи «D» бо дастаҳои «Олтин Асир» (Туркманистон), «Дордой» (Қирғизистон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) бозӣ хоҳад кард.