Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар дод, субҳи имрӯз дар бозори марказии «Панҷшанбе» 3 нуқтаи фурӯши картошка бо нархи як килои он аз 5 то 6 сомонӣ ба роҳ монда шуд.

Манбаъ мегӯяд, ин иқдом дар арафаи моҳи Рамазон роҳандозӣ гардида, минбаъд ҳамарӯза дар  3 нуқтаи кушодашуда то 2-тоннагӣ картошка ба фурӯш гузошта мешавад.

Ин дар ҳолест,  ки давоми чанд рӯзи охир  нархи як килои картошка дар бозорҳои мамлакат то 15 сомонӣ расида буд. Феълан дар шаҳри Душаннбе нархи ин маҳсулоти асосӣ аз 7,50 сомонӣ сар мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here