6-уми май 10 нафар беморе, ки тӯли 2 ҳафта дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ буданду  аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония)  табобат мегирифтанд, шифо ёфтанд. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандон аз шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, феълан ба хонаҳояшон рухсат шудааанд.

Сардухтури бемористон Рустам Бӯрибоев ҳолати нафарони мураххасшударо хуб арзёбӣ карда, онҳоро аз  ташхиси такрорӣ гузаронда, барои аз беморхона рафтанашон иҷозат додааст.

– Алҳол дар Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Хуҷанд 94 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бо бемории илтиҳоби шуш муроҷиат намуда буданд, дар ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо шароитҳои зарурӣ табобат мегиранд. Ҳолати ин нафарон низ хуб арзёбӣ мегардад, – хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here