Дар хабар аст, ки як корманди филилали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо тапонча худкушӣ кардааст.

Аз шӯъбаи милисаи ноҳияи Ишкошим ба ОИ «АП» хабар додаанд, ки вобаста ба худкушии сарҳисобдори филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ӯ 5 октябр ба худ тир андохтааст.

Тибқи баъзе гузоришҳо, Ориф Турдиев тахминан соати 16:40 дар бинои филиал худкушӣ кардааст. Силоҳро ӯ аз бонк, ки муҳофизон барои амнияти бонк мегиранд, ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, ки роҳбари филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Ишкошим Амина Шермамадова аз кор сабукдӯш карда шудааст, аммо бо кадом сабаб маълум нест. Дар ҳамин ҳол, алайҳи ӯ бар асоси моддаи “хунукназарӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Беэҳтиётии вай дар он зоҳир шудааст, ки силоҳ дар девор овезон буд, на дар говсандуқ ва онро ҳар кас метавонист озодона бигирад», — гуфтааст манбаъ.

Сабаби марги муҳосиб тасдиқ карда мешавад, аммо яке аз ҳамсоягон, ки нахостааст номашро ба «АП» гӯяд, гуфтааст, ки Турдиев аз аттестатсия нагузаштааст ва «бо ин сабаб хашмгин шудааст».

— Ориф Турдиев хеле қобилиятнок буд ва корашро хеле хуб медонист, — гуфтааст ҳамсоя. — Дар бораи сабабҳои худкушӣ ҳар кас ҳар хел гап мезанад. Яке мегӯяд, масалан, духтараш қарздор буд ва ин ӯро сахт ба ташвиш меовард. Далели асосӣ ин нагузаштан аз аттестатсия аст, ки дар ду сол як маротиба мешавад. Мегӯянд, ин ба ӯ сахт таъсир кардааст. 5 октябр ӯ таппонча гирифта, худро парондааст. Хуни бисёре аз ӯ рафтааст ва мутаассифона, ӯро наҷот додан натавонистанд. Дар роҳ ба беморхона ҷон додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here