30 километр аз роҳи мошингарде, ки ҷамоати Шугновро бо маркази ноҳияи Ховалинг мепайвандад, солҳои тулонӣ вайрону валангор буду дар он воситаҳои нақлиёти боркаш рафту омад мекарданд, бо дастгирии соҳибкорон таъмири ҷорӣ шуд.

Сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Сайдаҳмад Ҳусенов, дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, дарозии ин роҳ 63 километрро ташкил медиҳад, ки барои таъмири асосии он маблағи зиёд лозим аст.

— Аз ин миқдор роҳ, мо ҳамагӣ 30 клометрашро бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорон таъмири ҷорӣ намуда, дар оянда кӯшиш мекунем, роҳе, ки ҷамоати Шугновро бо маркази ноҳияи Ховалинг мепайвандад, таъмир созем, — гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, ки тариқи ин роҳ танҳо мошинҳои боркашу “УАЗ” метавонанд ҳаракат кунанд. Баъди пурра таъмир шуданаш воситаҳои нақлиёти сабукрав низ имкони ҳаракат кардан дар ин роҳро пайдо хоҳанд кард.

Як сокинони ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг, ки худи имрӯз ба маркази ноҳия сафар кардааст ва нахост номаш зикр шавад гуфт, танҳо роҳи мазкурро сангфарш намудаанду халос, давоми роҳ ба ҳамон аҳволи пешин аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here