Бо фаро расидани зимистон ва боридани барф ташвишҳои  сокинону ронандагони ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг бештар шудааст. Имрӯз мо аз ҷамоати деҳоти Шуғнови ноҳияи Ховалинг дидан кардем,  мушкили ҷиддии аҳолии  ин минтақаи кӯҳистон набудани роҳи автомобилгард гӯем, хато нахоҳем кард.

Он роҳеро, ки мардуми ин минтақа ба маркази ноҳия рафтуомад мекунанд, роҳ гуфтан нашояд. Роҳи мазкур ҳамагӣ 20-25 км аст ва тариқи ин роҳ танҳо мошинҳои боркашу сабукрави ҳарҷогард метавонанд ҳаракат кунанд. Ҳаракат дар ин масир дар фасли зимистон хавфу хатарҳои зиёде дорад. Роҳи мазкур аҳамияти ҷумҳуривӣ дошта бошад ҳам, вале кайҳост, ки аз ёди масъулин рафтааст.

Ронандагону сокинони ин минтақа ҳар вақте ба маркази ноҳия сафар кунанд, бо хонаводаашон, мисле ба роҳи марг мерафта бошанд, худоҳофизӣ мекунанд. Мо низ вақте аз маркази ноҳия ба ин ҷамоат сафар доштем, умеди бозгашт надоштем. Пули 95-метрае болои дарёи Ёхсу ҷойгир аст,  ки чунин пули “таърихӣ”-ро мо бори аввал мебинем. Воқеан ҳаракат дар ин масир даҳшатнок аст. Дар зеҳни мо суоле пайдо шуд, ки раиси ноҳия, масъулини муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа, Вазорати нақлиёт ва раиси вилоят аз ин масир боре гузар карда бошанд?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here