Корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ховалинг дар назди нозироти андоз ба маблағи беш аз 4 миллиону 500 ҳазор  сомонӣ қарздор мебошанд, ки аз он 2 милиону 700 ҳазораш қарзҳои мушкилситон мебошанд.

Cармутахасcиси бахши ба ҳисобгирии даромадҳои нозироти андоз дар ноҳияи Ховалинг Қурбоналӣ Нуров бо нигаронӣ гуфт, ки 85 дарсади қарзҳои мушкилситон аз ҳисоби  корхонаҳои саноатии ноҳия, ки дар ҷамоати Шугнов  ба коркарди маъданҳо, яъне тилло машғул мебошанд, рост меояд.

Манбаъ гуфт, дар назди нозироти андоз аз ҳама бештар ҶДММ «Исроил-2011», ки он  ду сол боз аз фаъолият боз мондааст, қарздор мебошад. Ба гуфти ӯ қарзи ин корхона дар назди андоз 1 миллиону 800 ҳазор сомониро  ташкил медиҳад. Гуфта шуд ин корхона бо кандани маъданҳои фойданок, яъне тилло машғул буд ва бо кадом сабабҳое аз фаъолият боз мондаст

— Ҳамчунин, аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки онҳо таҷдид шудан  1 мл 800 ҳазор сомонӣ қарз  мебошад. Боқимонда қарзҳо иҷтимои аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳои буҷет мебошад, — илова кард Қурбоналӣ Нуров.

Вай гуфт, ки гирифтани қарз аз корхонаҳои аз фаъолият бозмонда хеле мушкил мебошад, аммо мо барои баргардонидани он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мактуб кардаанд.

Добавить комментарий