Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 моҳи соли равон 25 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳолат кам аст.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи мазкур Маъдизода Зайнаб гуфт, ки аз 25 оилае, ки дар ин давра ақди никоҳи худашонро  бекор кардаанд, 16 ҳолати он бо ҳалномаи суд бекор  шудааст.

Омилҳои пошхурии оилаҳоро ин шахси масъул дар муҳоҷиарти меҳнатӣ, дахолати шахсони сеюм, яъне, хусуру хушдоман ба ҳайёти навхонадорон,  телефони мобилӣ ва дигар омилҳо арзёбӣ кард.

Мудири бахш аз он нигаронӣ кард, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 20 нафар кӯдаки ноболиғ  аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум шудаанд.

Дар ноҳияи Ховалинг  дар 8 моҳи соли равон  312 ҷуфт оила ақди никоҳ бастанд, ки дар ин маросим аз тарафи мутахассисони бахш ба онҳо маслиҳатҳои пойдории оила дода шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here