Ҳукумати Қатар муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар соҳаҳои сохтмонӣ, инфрасохтори сайёҳӣ, хадамоти иҷтимоӣ ва тиҷорати меҳмонхонагӣ даъват мекунад.

Дар ҷаласаи якуми гуруҳи кории муштарк оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Қатар пешниҳод гардид, ки дар соҳаи муҳоҷират кумакҳо густариш дода шаванд. Масъали мазкурро вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ бо ҳайати Қатар баррасӣ кардааст.

Дар баробари ин, мавзуҳо оид ба сафарбаркунии муташаккилонаи муҳоҷирони тоҷик дар Қатар, сабти ном ва такмили ихтисоси муҳоҷироне, ки дар Қатар кору фаъолият мекунанд, баррасӣ шудааст. Инчунин, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва омӯзиши забонҳо низ гуфта гузаштаанд.

Дар натиҷаи мулоқот тасмим гирифта шудааст, ки ба наздикӣ нақшаи муштараки дуҷониба барои иҷрои нақшаҳо таҳия гардида, новобаста аз паҳншавии коронавирус тадбирҳои муассир ва мушаххас андешида мешаванд.

Гулрӯ СУҲРОБЗОДА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here