Дар нимаи аввали соли 2020 тавассути ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба 178 ҳазор  нафар мусофир хизматрасонӣ анҷом дода шудааст, ки аз ин ба ҶСК «Тоҷик Эйр» 31 ҳазору 500 мусофир ва ба ҶДММ «Сомон Эйр» 146 ҳазору 500 мусофир рост меояд. Дар ҳамин ҳол, дар ин давра ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ба 316 ҳазору 100 мусофир хизматрасонӣ анҷом додаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳон Икромзода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Дар умум дар шаш моҳи соли равон тавассути ҳамаи фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар) 494 ҳазору 100 мусофир интиқол дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, парвозҳои байналмилалии ширкатҳои ҳавопаймоии ватаниву хориҷӣ (ба ҷуз парвозҳои чартериву фармоишӣ) аз ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми марти соли 2020 муваққатан то беҳ гардидани вазъият манъ карда шудааст.

Ба ҳамин далел, нишондиҳандаҳои фаъолияти соҳа, корхонаҳои авиатсионии кишвар ва ҳамчунин ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар ин давра коҳиш ёфтааст.

То 1-уми июли соли равон ба Федератсияи Русия, Туркия, Олмон, Полша, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Италия, Украина, Эрон, Покистон, Афғонистон, Кувайт, Ҷумҳурии халқии Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико парвозҳои махсус амалӣ гардида, аз ин кишварҳо зиёда аз 4000 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва зиёда аз 173 тонна таҷҳизоти тиббӣ ва маводи доруворӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Бино ба иттилои масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон парки умумии тайёраҳо ва чархболҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон («Тоҷик Эйр» — 37 адад, «Сомон Эйр» — 7 адад, «Хатлон Эйр» — 3 адад ва «Азия Скайлайнз» — 4 адад) ҳамагӣ 51 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин 15 адад коршоям, 6 адад корношоям ва 30 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.

Давоми шаш моҳи соли равон аз ҷониби КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 11324 адад ҳавопаймо хизматрасонӣ карда шудааст. Теъдоди парвозҳои транзитии хизматрасонидашуда бошад 2973 ададро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳо аз ҷониби ҶСК «Тоҷик Эйр» бо тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Ан-28, Ми-8 МТ ва аз ҷониби ҶДММ «Сомон Эйр» бо тайёраҳои  Boeing 737-300, Boeing 737-800, Boeing 737 900 ва чархболи H125 анҷом дода мешаванд.

Айни ҳол аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои маҳаллӣ ва байналмилалӣ ба мусофирон тавассути ҳавопаймоҳои Ан-28 ва Boeing 757-200 хизмат расонида мешавад. Ду ҳавопаймои дигари ширкат Boeing 737-300 ва Boeing 767-300 дар ҳолати таъмир қарор доранд.

Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here