Охири ноябри соли равон дар Хоҷа Оби Гарм семинари дурӯзаи тақвияти хадамоти агрометеорологӣ ба анҷом расид. Семинар аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар ҳамкории зич бо Агентии давлатии гидрометеорологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Чорабинӣ як қисми лоиҳаи ФАО оид ба мустаҳкам кардани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва хадамоти байторӣ мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.
Тақвияти хадамоти агрометеорологӣ ва системаҳои огоҳкунии бармаҳал барои деҳқонон ва сокинони деҳоти Тоҷикистон муҳим аст, зеро он тавонмандии онҳоро барои омодагӣ ва мутобиқ шудан ба тағирёбии иқлим, ки ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъсир мерасонанд, афзоиш медиҳад.
Семинар марҳилаи муҳим дар пешбурди муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани натиҷабахшӣ ва самаранокии бахши агрометеорологӣ усулҳои амалӣ ва имконпазирро таъмин намуд. Хулоса, семинар барои иштирокчиён ҷиҳати мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо дар роҳи тақвияти тавонмандӣ дар сатҳи миллӣ замина фароҳам овард. Инчунин чорабинии мазкур барои паҳн кардани хадамоти агрометеорологӣ байни деҳқонони Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.
Шарикони асосии миллӣ, аз ҷумла намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии обуҳавосанҷӣ, Муассисаи давлатии ҳифзи растаниҳо ва химикатсия, Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фермерҳо, инчунин созмонҳои байналмилалии ҳамкорӣ оид ба рушд , аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ва Созмони умумиҷаҳонии метеорология дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд.
“Таъмини иттилооти агрометеорологӣ дар сатҳи миллӣ барои деҳқонон ва сокинони деҳот, ҳам мардон ва ҳам занон, вазифаи афзалиятнок ба шумор меравад. Барои эҷоди як барномаи муассири агрометеорологӣ, иттилооти мавриди ҳадаф бояд ба истифодабарандагони ниҳоӣ расад ва дар ниҳоят ин истифодабарандагон метавонанд фикру мулоҳизаҳои худро пешниҳод намоянд ва дурустии огоҳкуниҳои бармаҳалро тасдиқ намоянд,” таъкид намуд мутахассиси ФАО оид ба захираҳои табий, Ана Эро.
Тадбирҳои бахши шаҳрвандӣ, ассотсиатсияҳои маҳаллии деҳқонӣ ва деҳқонони пешбаранда мубоҳисаро оид ба хизматрасониҳои зарурӣ дар сатҳи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар мушкилиҳои (дастрасӣ ба хидматрасониҳои мобилӣ, қобилияти тафсир кардани маълумот ва ғайра) деҳқонони тоҷик барои истифодаи иттилоот муайян мекунанд. Муассисаҳои миллӣ тавсияҳои деҳқононро истифода мебаранд ва онҳоро дар банақшагирии минбаъда дохил мекунанд.
“Ҳоло агрометеорология бо ҳамаи унсурҳои обу ҳавосанҷӣ марбут ба истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаи зич дорад ва иттилоотро метавон ҳамчун пойдевори пешрафти соҳаи кишоварзӣ муайян намуд. Семинари мазкур барои таъкид намудани ниёзҳои фаврӣ ба хадамоти агрометеорологӣ, инчунин бо мутахассисон муҳокима кардани механизмҳои татбиқшаванда ва устувори мубодилаи маълумот муҳим аст,” таъкид намуд Намояндаи ФАО дар Тоҷикистон, Олег Гучгелдиев.
”Гузариш аз стансияҳои озмоишии агрометеорологӣ, ки маълумоти мушаххас ва тавсияҳоро оид ба зироатҳои муайян дастрас мегардонанд, то ба эҷоди шабакаи умумимиллии дорои дастрасии осон ба маълумот ва маслиҳат ба ҳамаи фермерон метавонад қадами навбатӣ барои кӯшишҳои муштараки мо бошад.”