Дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ибтикори шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо ҷавонон – донишҷӯёни муассисаҳои олию миёна ва кормандони корхонаю муассисаҳо дар мавзӯи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомад доир шуд.

Ҷамъомадро раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ифтитоҳ намуда, таваҷҷӯҳи ҷавононро ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷавонон чун пешоҳангони ҷомеа бояд ба боварии Пешвои миллат сазовор буда, худро бо садоқат ба Ватан, иштироки фаъолона дар ободкориҳо, таҳсили шоиста, омодагӣ ба хидмат дар сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон собит созанд.

Назди ҳозирин мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мавлуда Тоҷиева дар мавзӯи фавқуззикр сухан кард ва аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бо донишу фаҳмиши баланд, мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ нисбати падидаҳои номатлуб, зуҳуроти ифродгароию тундгароӣ истодагарӣ намоянд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент Шоҳида Қиёмзода ин иқдоми Кумитаи иҷроияи ҳизбро арзандаи таҳсин дониста, таъкид дошт, ки ҳамкории густурдаи Кумитаи иҷроияи ҳизб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар тарғиби ғояҳои давлатдорӣ кори шоиста ва зарурӣ мебошад.

Дар машварат Умар Ҷалолов мудири бахши кор бо ҷавонон ва устоди Коллеҷи омӯзгорӣ, Зарина Эшмуродова – корманди маркази назорати давлатии санитарӣ — эпидимологӣ сухан гуфта, ҳамсолонашонро ба корҳои неку шоиста ҷиҳати ободии Ватан даъват намуданд.

Аскари мустаъфӣ Юсуф Тошев, ки нав аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст, бо либоси шинаму зебои низомӣ назди ҷавонон ҳарф зада, хидмат дар сафҳои Нерӯҳои мусаллаҳро барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ва садоқат ба Ватан донист.

Иштирокчиёни машварат изҳор доштанд,ки  чунин сӯҳбату мулоқотҳо барои камолоти сиёсию маънавии онҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми машварат ба як гурӯҳ ҷавонони фаъол Шаҳодатномаи узвият ба ҳизб супорида шуд.

Т. Солеҳзода

Добавить комментарий