Дар шаш моҳи соли равон кормандони Кумитаи идораи замини вилоят 3 ҳазору 514 ҳолати вайрокунии қонунгузории заминро дар майдони 2634,05 гектар ошкор намуданд, ки шахсони қонуншикан ба маблағи 1 миллиону 136 ҳазору 700 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар ин бора сардори Кумитаи идораи замини вилоят Одиназода Абдулҳафиз дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО хабар дод.

Ба иттилои ӯ, дар ин давра 207 маводи маъмурӣ барои ситонидани маҷбурии маблағ ба прокуратура, 106 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо фиристода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, дар ин давра 3 нафар кормандони идораҳои замин даст ба қонуншиканӣ задаанд, ки нисбати онҳо тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here