Додгоҳи вилояти Хатлон дирӯз, 10-уми декабр, Назокатхон Тоҳирова, сокини ноҳияи Кӯшониёнро, ки чор фарзандашро тариқи буғӣ кардан ба қатл расонида буд, 25 сол равонаи зиндон кард.

Суди вилояти Хатлон  Назокатхон Тоҳироваро барои беҳраҳмона ба қатл расонида чор фарзандаш гунаҳгор дониста, ӯро 25 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Назокатхон Тоҳироваро аз ташхиси тиббӣ  гузарониданд ва ӯ ягон беморӣ надоштаст

Бояд гуфт, рӯзи 9-уми сентябри соли равон сокини 30-солаи ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар манзили истиқоматиаш бо бераҳмии махсус фарзандони 1, 6, 8, ва 9-солаи худро, ба қатл расонида, баъдан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ худашро таслим карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here