Беш аз 10 сол мешавад, ки ҳамаруза садҳо зану духтари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон, аз ҷумла аз ноҳияи Вахш, Кӯшониён, Хуросон, ноҳияи Ҷомӣ ва шаҳри Бохтар, ки дар назди терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар ҷамъ омада, интизори корфармо мешаванд.  Вазири нави Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода  зимни як сафари кории худ ба вилояти Хатлон, бо онҳо вохӯрда, супориш дод, ки онҳоро ба касбомузӣ ҷалб кунанду бо ҷойи кори доимӣ  таъмин созанд.

Сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон Қобил Файзализода  гуфт, ки зимни суҳбат бо корҷӯёни шаҳри Бохтар вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибтахассус ва бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардидани онҳо, ҷалби корҷӯён ба курсҳои касбомӯзӣ, махсусан гурӯҳи занон ба курсҳои қаннодӣ, бофандагӣ, дузандагӣ, ороиши мӯю рӯй ва омодасозии таомҳои миллӣ даъват ба амал оварда, пешниҳод кард, ки бо мақсади бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидан ва соҳиби тахассуси муайян шудани онҳо дар як ҳафта се маротиба курсҳои мазкур ташкил карда шуда, чор рӯзи дигар метавонанд ба фаъолияти меҳнатӣ пардозанд, ки дар як давра ҳам бо таълим фаро гирифта мешаванд ва ҳам соҳиби касби муайян мегарданд.

— Иқдоми мазкурро  корҷӯёни шаҳри Бохтар ба хуши истиқбол карданд. Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки рӯйхати корҷӯёнро омода карда, дар кӯтоҳтарин муҳлат курсҳои омӯзишии мазкур ба роҳ монда шавад, — илова кард ӯ.

Ширин Амонзода даъват ба амал овард, ки барои корҷӯёни шаҳри Бохтар аз ҳисоби мардон дар марказҳои калонсолони шаҳри Бохтар ва Кӯшониён курсҳои омӯзишии гуногун пешниҳод карда шавад, ки занҳо баъди таҳсил соҳиби тахассус гардида, дар фаъолияти минбаъдаи корӣ тавонанд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, аз рӯи ихтиссос фаъолият кунанд.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба сардори Раёсати меҳнат ва шуғлӣ дар вилояти Бохтар супориш дод, ки барои ба касбомӯзӣ фаро гирифтани корҷӯён, махсусан занҳо тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ кара, хоҳишмандонро тибқи рӯйхат дар марказҳои касбомӯзии калонсолон ройгон ба касбомӯзӣ фаро гирифта, барои давра ба давра бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани корҷӯён чораҳои зарурӣ бинанд.

Итилоъ дода шуд, ки дар 11 моҳи соли ҷори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 17 ҳазору 109 нафар зан барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 14 ҳазору 943 нафарашон ба қайд гирифта шуда, ба 8 ҳазору 863 нафари онҳо мақоми бекор дода шуд.

Қобил Файзализода, илова кард, ки аз дар ин давра 11 ҳазору 705 нафар зан бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки аз онҳо 10 ҳазору 77 нафарашон тариқи квота мебошад.

— Ғайр аз ин 4 ҳазору 717 нафар зану духатри вилояти Хатлон дар ин мудат  ба касбомузӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатноми малакаи касбӣ шуданд, -илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here