Сокинону кишоварзони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз саривақт тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо изҳори ташвиш карда гуфтанд, ки баъзе аз заҳбуру заҳкашҳо даҳсоло боз тоза карда намешаванд. Бо сабаби саривақт тоза нашудани онҳо айни ҳол ҳосилнокии заминҳо кам гардидаву оби зеризамини зиёд шуда, заминҳо шӯр шудаанд.

Масъулони Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки дар вилоят ҳоло қариб 10 ҳазор километр заҳбуру заҳкаш мебошад, ки аз он 600 киломтераш байни хоҷагиҳо, яъне давлатӣ 7 заҳору 592 километраш дохили хоҷагӣ мебошад ва мо имкон надорем, ки ҳамаи заҳбуру заҳкаш ва каналҳоро тоза кунем.

— Соли 2020-ум дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 314 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ бо омилҳои гуногун дур мондаанд, — қайд карданд аз ниҳоди мазкур.

Аз Кумитаи Идораи замини вилояти Хатлон низ тасдиқ карданд, ки дар ҳақиқат 1314 гектар заминҳои корам бо сабаҳои шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, саривақт тоза нашудани заҳбуру заҳкашҳо ва дигар омилҳо кишт карда нашуданд.

Масъулони сохторҳои марбута ва мақомоти маҳалро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар кунанд, зеро фаровонии бозорҳо ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз замин вобастагӣ дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here