Соли 2020-ум варзишгарони вилояти Хатлон  аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 2 ҳазору 501 медал ба даст оварданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2019-ум 43 медал кам аст.

Мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Алишер Гулов дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки варзишгарони вилоят соли гузашта  дар 82 чемпионат ва мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 2 ҳазору 37 медал ба даст оварданд. Аз онҳо  731 медали тилло, 609 медали нуқра ва 797 медали дигараш биринҷӣ мебошад.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки  соли 2020 варзишгарони вилоят дар 9 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 20 медал — се медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷиро соҳиб шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар умум варзишгарони вилояти Хатлон ҳам аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳам байналмилалӣ 734 медали тилло, 613 медали нуқра ва 704 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 43 медал кам аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here