Аз тарафи нозирони ҷангали вилояти Хатлон дар ёздаҳ моҳи соли равон 655 қонуншиканӣ ошкор карда шуда, қонуншиканҳо ба маблағи 204 ҳазору 865 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров гуфт, ки аз санадҳои тартибдодашуда 337 санад ба маблағи 86 ҳазору 843 сомонӣ буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангалзор, 76 санад ба маблағи 48 ҳазору 133 сомонӣ чорвочаронии худсарона, 176 cанад ба маблағи 52 ҳазору 842 сомонӣ ҷамъоварии худсаронаи маҳсулоти писта ва гиёҳҳои шифобахш, 24 санад ба маблағи 9226 сомонӣ шикори худсарона, 39 санад ба маблағи 7821 сомонӣ дигар намуд мебошанд.

— Аз маблағи умумии зарари муайяншуда 201 ҳазору 95 сомонӣ муайян карда шуда, ба хоҷагиҳо ворид карда шудааст. Хоҷагиҳои ҷангал оид ба иҷрои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 296 протокол ба маблағи 47 ҳазору 470 сомонӣ тартиб дода, аз маблағи зарари расонидашуда 46 ҳазору 716 сомонӣ рӯёнида шуда, ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистои гузаронида шудааст,- илова кард ӯ.

— Баҳри пешгирӣ ва ҳифзи ҷангал аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон ва хоҷагиҳои ҷангал дар шаҳру ноҳияҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шуда истодааст,- қайд кард Қувваталӣ Назиров.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here