Дар финали Ҷоми футболи Тоҷикистон, ки 8-уми октябр баргузор хоҳад шуд, дастаҳои “Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб мубориза мебаранд. Ин дастаҳо 17 сол пеш дар финали ин мусобиқа ширкат карда буданд.

Дирӯз дар Варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар бозии даври нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан баргузор шуд.

Дар ин бозӣ «Хатлон» бо  ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Голҳоро Караматуло Саидов ва Худойдод Узоқов заданд.

Дар финал дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бозӣ мекунад.

«Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар дари нимниҳоӣ «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро мағлуб кард ва ба финали Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Голи ягонаи ин бозиро Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 51-уми бозӣ  ба ҳадаф расонд.

Финали Ҷоми футболи Тоҷикистон-2020 бо иштироки «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб 10-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе бе ҳузури мухлисон баргузор  мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ соати 16:00 дар назар аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here