Ҳасани Муродиён, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, мушоври ректори Донишгоҳи давалатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, шаби 8-уми ноябри соли 2020 аз олам даргузашт.

Маросими видоъ бо марҳум Ҳасани Муродиён соати даҳи имруз, 9-уми ноябр, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар баргузор гашта, ӯро дар яке аз оромгоҳҳои ноҳияи Вахш дафн карданд.

Аҳли эҷоди Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ба хонаводаи марҳум таслият гуфта, аз даргоҳи Худованд ба устоди зиндаёд Ҳасани Муродён биҳишти ҷовидонро орзу доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here