Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дар зиёда аз 1 ҳазору 779 мактабу масҷид, корхонаву ташкилот корҳои уфунатзудоӣ (дезинфексия) гузаронида шудааст.
Сардори Мракази санитариву эпидемеологии вилояти Хатлон Абдураҳимзода Каримхон дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 845 масҷид, 934 муассисаи таълимӣ ва дигар иншооту роҳҳои мошингард, пиёдароҳҳо, майдону гулгаштҳо корҳои уфунатзудоӣ гузаронда шудааст. Ин амал дар тамоми корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои мактабиву томактабӣ идома дорад.
Баҳри пешгири аз коронавирус байни аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо 2 ҳазору 894 суҳбату вохурӣ гузаронида шуда, ба мардум 2 ҳазору 200 варақаи иттилоотӣ тақсим карда шудааст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи Ситоди вилоятии пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши коронавирус (COVID-19), ба масъулон дастуру супоришҳо дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр кунанд.