Дар 5 моҳи соли 2019-ум аз тарафи филиалҳои «Тоҷиксуғурта»-и вилояти Хатлон ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, маъюбон ва хонаинтернати №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ беш аз 26 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида шудааст.

Сардори Тоҷиксуғуртаи вилояти Хатлон Гадомат Шарипов гуфт, ки ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.

Манбаъ қайд кард, дар ин давра 18 ҳазору 670 сомонӣ аз тарфи «Тоҷиксуғурта»-и вилоят ва филилалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба оилаҳои камбизоат, маъюбон, ва дигар эҳтиёҷмандон ёрӣ расонда шудааст. Ҳамчунин ба хонаинтернати №1-и деҳаи Арали ноҳияи Восеъ дар соли 2019-ум 8 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Гуфта шуд, ин иқдом дар оянда низ амалӣ шуда, то қадри зарур аз тарафи «Тоҷиксуғурта»-и вилоят ва филилалҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба ашхоси эҳтиёҷманд дасти ёрӣ дароз карда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here