Дар ду моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 16 ҳазору 515 тавалуд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ду моҳи соли 2018-ум 1294 нафар зиёд аст.  Дар ин муддат 2259 нафар дунёро тарк кардаанд, ки ин нисабти соли гузашта 277 нафар зиёд мебошад.

— Тавалуд бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Кушониён, Восеъ, Кулоб, Данғара, Фархор ва ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст, — гуфт сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Мирсайзода Ҳурунбӣ.

Ӯ иттилоъ дод, ки вафот низ зиёдтар дар ҳамин шаҳру ноҳияҳо ба қайд гирифта шудааст.

Зикр шуд, ки аз 2259 нафар сокине, ки дар ду моҳи соли равон вафот кардаанд, 1246 нафар мард ва 1013 нафари дигар зан будаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here