Соли гузашта соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо харҷи 14 миллион сомонӣ роҳхои маҳаллиро таъмир карданд. Дар умум соҳибкорони вилоят бо харҷи 38 миллион сомонӣ роҳҳоро таъмир кардаанд.

Сардори Муассисаи давлатии  Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Файзулозода Насрулло гуфт, ки дар ихтиёри ин муассиса 1980 км роҳҳои маҳаллӣ вобаста шудааст ва ҳамасола бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ даҳо километр рохҳои харобгашта таъмиру навсозӣ карда мешаванд.

Ба иттилои ӯ соли гузашта бо дастгирии соҳибкорон 85 км таъмири роҳ бо шағал, таъмири болопӯши роҳ 14 км, таъмири ҷории роҳ 54 км, таъмири пул 13 адад бо дарозии 574 метр ва гузоштани 50 қубур бо дарозии 150 метр ба анҷом расонида шудааст, ки маблағи онҳо 14 миллион соомниро ташкил медиҳад.

— Соли 2019 бошад аз тарафи соҳибкорони минтақаи Бохтар бо маблағи 38 ҳазор сомонӣ роҳу пулҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ҳоло корҳо идома доранд, — илова кард Файзуллозода Насрулло.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here