Рӯзи 9-уми майи соли равон бо ташаббуси хайрхоҳонаи соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов корвони иборат аз 25 мошини борбар барои кӯмак расонидан ба сокинони вилояти Хатлон, ки дар муассисаҳои тиббӣ бистарӣ шудаанд, ба шаҳри Бохтар ворид гардид.

Дар доираи ин иқдом, ки таҳти унвони «Шифо ва ҳамдилӣ» амалӣ мегардад, муассисаҳои тандурустии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра пурра ба тариқи ройгон таъмин карда мешаванд. Кумакҳои мазкур дар маҷмӯъ зиёда аз дусад ҳазор бастаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз  Шуъбаи иттилоотию таҳлилии  дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими қабули корвони лавозимоти тиббӣ зикр намуд, ки ин ташаббуси соҳибкор Шамсулло Соҳибов аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муазами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Гуфта шуд, ки ташаббуси инсондӯстона ва ватанпарастонаи соҳибкор дар шароити доман паҳн намудани бемории сироятии коронавирус дар миқёси олам ва эҳтиёҷоти воқеии соҳаи тандурустии вилоят заруру саривақтӣ буда, ин кумакҳо ба ниёзмандон, беморон ва табибон сарф мешавад.

Раиси вилоят аз номи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба соҳибкор Ш. Соҳибов миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дигар соҳибкорони ватани азизамон низ ба чунин иқдомҳои хайрхоҳона ва башардӯстона, ки дар ин давру замон барои ҳар як бемору эҳтиёҷманд муҳим ва саривақтист, пайравӣ мекунанд.

Корвони мошинҳои ҳомили маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ худи ҳамон рӯз бо роҳбаладии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ҳамаи 25 шаҳру навоҳии вилоят сафарбар гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here