Аз вилояти Хатлон, асосан аз навоҳии Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун, ба хориҷи мамлакат 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст.
Аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, дирӯз, 27-уми май, аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Русия 50 тонна олу содирот карда шуд.
— Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар ба Санкт-Петербург фиристоданд, — гуфтанд аз шӯъбаи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ чанде пеш бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷи кишвар 51 тонна меваҷотро содир карда буданд.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз аз вилояти Хатлон, асосан аз навоҳии Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳун ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст. Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, тоза шурӯъ шудааст.
Имсол, тибқи дурнамо аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба мамолики хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот хоҳад шуд.
То 27-уми май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содирот карда шудааст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба хориҷи мамлакат ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулоти бештар содирот шудааст.
Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Русия ва Қирғизистон равона гардидааст.