Аз авали соли равон бо сабаби хавфнок будани кӯлу дарёҳои ҳудуди вилоят, ҳамчунин кам ва ё тамоман набудани ҳавзҳои шиноварӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва бемасъулиятии баъзе волидон, шаш нафар сокини вилоят дар кӯлу рӯдхонаҳо ғарқ шудаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давари соли гузашта се ҳолат кам аст.

Сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи холатҳои фавқулода ва мудофиааи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон  Муҳиддинов, гуфт, омили асосии ғарқшавии сокинон  ин риоя  накардани қоидаҳои шиноварӣ, беназорат гузоштани кӯдакон аз тарафи падару модарон мебошад, зеро аксари ғарқшудагон ноболиғонанд.

Манбаъ афзуд, ки барои пешгирии ғарқшавии сокинони вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ пурзӯр карда шуда, инчунин дар назди рӯдхонаву дарёҳое, ки хатарноканду дар онҳо шиноварӣ кардан қатъиян манъ аст, шиору овезаҳо насб карда шудааст.

Аммо сокинони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз кам, ё дар баъзе шаҳру ноҳияҳо тамоман набудани ҳавзаҳои шиноварӣ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки дар чунин гармо маҷбуранд, ба кӯлу дарёҳо раванд.

Онҳо аз масъулон хоҳиш карданд, ки шумораи ҳавзи шиновариро дар шаҳру ноҳияҳо зиёд намоянд, то сокинон дар ҷойҳои хавфнок оббозӣ накунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here