Имрӯз, 16-уми апрели соли 2020, аз беморхонаи сироятии Кӯлоб ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар 420 нафаре, ки аз Русия ба Ватан баргаштаанду таҳти қарантин қарор дода шуда буданд рухсат шуданд.

Сардори Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон Мирзоалӣ  Раҷабзода  дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки дар вилояти Хатлон 671 нафари аз хориҷбаргашта таҳти қарантин қарор гирифта шуда буданд, ки 203 нафари онҳо чанде пеш баъди ба охир расидани муҳлати қарантин рухсат шуданд.

—  Имрӯз 420 нафари дигар аз беморхонаи сироятии Кӯлоб ва Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар ҷавоб мешаванд, — илова кард ӯ.

Гуфта шуд, ки онҳое, ки дар қарантин дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бурӣ Воҳидов дар шаҳри Бохтар буданд, аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ пурра бо ғизо таъмин гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here