Роҳҳои аҳмияти ҷумҳуриявидошта ва байналмилалии минтақаи Бохтари  вилояти Хатлон ба 532 аломати роҳ ниёз доранд.

Сармуҳандиси Идораи Муассисаи давлатии хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Музаффар Холиқов, зимни тасдиқи ин хабар қайд кард, ки дар 6 моҳи соли равон 232 аломати роҳ насб карда шудааст. Ҳоло боз тибқи ҳисобот роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба 532 аломати дигар эҳтиёҷ доранд.

— Дар бораи надоштани амломтаи роҳ дар ҷодаҳои маҳаллӣ ҳоҷати сухан гуфтан нест, — илова кард ӯ.

Манбаъ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки аломатҳои роҳро, ки бо маблағи зиёд насб мешаванд, баъзе кӯдакон ва сокинон мекананд, ё дар баъзе маврид аз  тарафи ашхоси номаълум дуздида мешаванд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаш моҳи соли равон дар роҳҳои минтақаи Бохтар 75 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 15 нафар  ба ҳалокат расида, 76 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Шумораи садамаҳо нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад.

Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ  низ яке аз омилҳои сар задани садамаҳои нақлиётиро набудани аломати ҳушдордиҳанда дар канори роҳҳо медонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here