Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар  вилояти Хатлон аз барқу андоз беш аз 59 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Ҳамчунин қарзи идораҳои оби шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назди ин Раёсат ба 79 миллион сомонӣ баробар шудаст

Сардори Раёсати мазкур Собирзода Мирзоалӣ дирӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, Раёсат ҳоло дар назди андоз 17 миллиону 413 ҳазор сомонӣ қарздор мебошад.

Инчунин, аз ҳақи истифодаи барқ Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон 42 миллиону 208 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, илова кард ӯ.

— Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои Балхӣ, Ёвон, Ҷайҳун, Кушониён, Фархор ва  Вахш дар назди Раёсати мазкур 79 миллиону 205 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд. Агар ин идораҳо қарзи худро саривақт  пардохт кунанд, мо бе мушкил қарзи андозу барқро месупорем, — гуфт Собирзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here