Дар вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли равон 6 ҳазору 688 тонна маводи доруворӣ ва атриёти муҳлати истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шуда, бо роҳи сӯзондан несту нобуд карда шуданд.

Сухангӯи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва

ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Сайраҳмон Назриев, гуфт, ки  аз ин миқдор доруворӣ ва атриёт  70 дарсадашро  корхонаву ширкатҳо ихтиёран  ба

мақомот супурдаанд. Қайд шуд, ки сӯзондани доруҳо рӯзи 17 июн дар партовгоҳи шаҳри Бохтар сурат гирифта , 6 ҳазору 688 кило маводи доруворӣ ва атриёти муҳлати истифодаашон гузашта ва ғайримеъёрӣ нобуд карда шуданд.

Аз миқдори умумии маводи дорувории нобудшуда беш аз 70 дарсадаш аз ҷониби

худи ширкатҳои машғул ба дорусозиву фурӯши он ба сарраёсат супорида шуда, 30%-и боқимонда дар ҷараёни санҷиш аз дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ мусодира гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here