Ба  наздикӣ  то ба 200 сомонӣ баланд шудани нархи орд дар бозору фурӯшгоҳҳои минтақаи Бохтар сокинони ин минтақаро нигарон кардааст.

Умед, сокини ноҳияи Кушониён, ки дар як идораи давлатӣ кор мекунад гуфт, дар як моҳ хонаводааш 4 халта орд истеъмол мекунад. Ӯ нигарон аст,  ки маошаш танҳо барои харидани орд мерасаду халос. Тавони харидории дигар маводи ғизоиро нахоҳад дошт.

Дар мавриди баланд шудани нархи орд сардори Раёсати Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Хатлон Фирӯз Юсуфзода зимини нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО гуфт, ки сабадии асосии он баланд шудани нархи гандуми Қазокистон ва 8 дарсад баланд шудани андоз мебошад. Роҳбари ин ниҳод афзуд, рӯзҳои наздик дар назар аст, ки нархи он арзон шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки се соҳибкор барои худсарона баланд кардани нархи маҳсулоти ниёзи мардум ба маблағи 1500 сомонӣ ҷарима шудаанд.

— Ҳоло дар назди Бозори Фаровон ярмаркаи орд ташкил шудааст, ки нархи навьи якуми як халта орд 170 сомонӣ арзиш дорад. Ҳамарӯза ба ин ярмарка беш аз 20 тонна орд ворид мешавад ва ба ҳар як сокин як халта фурӯхта мешавад, — афзуд сардори Хадамоти мазкур.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here