Ҳоло хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба 1 миллиону 400 ҳазор китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд, ки ин норасоӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят хонандагону омӯзгоронро нигарон кардааст.

Инчунин, аз набудани китобҳои дарсӣ муҳассилин китобҳои даридаву фарсударо истифода мебаранд.

— Дар соли таҳсили 2019-2020 аз тарафи муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон 2 миллион китоби дарсӣ ба Вазорати маорифи кишвар дархост карда шуда буд, ки аз ин шумора дар се моҳи соли равон 600 ҳазори он ба муассиаҳои таълимии вилоят ворид гардид, — гуфт сармутахассиси маркази таҳия, нашр ва мутолиаи китобҳои дарсӣ, илмӣ ва методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатмурод Эшмуродов.

— Ҳоло хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон ба 1 миллиону 400 ҳазор китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд, — илова кард ҳамсуҳбати мо.

Зимни сафарҳои кории хабарнигори рӯзномаи «Фараж» ва суҳбат бо омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Кӯшониён омӯзгорону хонандагон аз он шикоят мекарданд, ки аз сабаби норасоии китобҳои дарсӣ хонандагони муассисаҳои таълими китобҳои даридаву фарсударо истифода мебаранд, ки онҳо ба барномаи таълим мувофиқат намекунад.

Тибқи иттилои расида аз шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён ҳоло хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба 40 ҳазор китоби дарсӣ эҳтиёҷ доранд. Дар умум то аввали соли хониши 2018-2019 дар ин ноҳия 60 ҳазор китоби дарсӣ намерасид, ки 20 ҳазори он чанде пеш ба муассисаҳои таълимии ноҳия ворид карда шуд.

Масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур мегӯянд, ки то аввали соли хониши 2019-2020-ум 40 ҳазор китоби дарсии дигар, ки хонандагони мактабҳо ниёз доранд, дастрас мекунанд.

Коршиносони соҳа норасоӣ ва ё кам будани китобҳои дарсиро мушкилоти умдаи соҳаи маориф меҳисобанд. Ба гуфти онҳо барои пурра таъмин кардани хонандагону омӯзгорон бо китобҳои дарсӣ ва зиёд кардани шумораи китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ масъулин бояд тадбирҳои муҳим андешида шаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here