Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон Қутбуддин Қодиров рӯзи 4-уми майи соли равон дар Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз олам даргузашт.
Як манбаъ аз Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабард дод, ки муовини сардори БДА-и вилоятро рӯзи 4 май дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда, дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ карда буданд.
— Пизишкони беморхона барои наҷоти ӯ тамоми тадбирҳоро андешиданд, аммо, мутаассифона, натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Ӯ баъд аз ду соати бистарӣ шудан фавтид, — гуфт манбаъ.
Айни замон оилаи Қодиров зери назорати табибони маҳаллӣ қарор доранд.