Муовини сардори БДА дар вилояти Хатлон Қутбуддин Қодиров рӯзи 4-уми майи соли равон дар  Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз олам даргузашт.

Як манбаъ аз  Бемористони марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  хабард дод, ки муовини сардори БДА-и вилоятро рӯзи 4 май дар ҳолати вазнин  ба бемористон оварда,  дар шуъбаи бемориҳои сироятӣ бистарӣ карда буданд.

— Пизишкони беморхона барои наҷоти ӯ тамоми тадбирҳоро андешиданд, аммо, мутаассифона, натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. Ӯ баъд аз ду соати бистарӣ шудан фавтид, — гуфт манбаъ.

Айни замон оилаи Қодиров зери назорати табибони маҳаллӣ қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here