Тайи ду рузи охир сокинони кишвар, аз ҷумла аҳолии вилояти Хатлон, пушти дари дӯконҳои ордфурӯширо банд кардаву барои худ аз 5 то 10 халта орд харидорӣ мекунанд. Тибқи маълумоти коршиносон, ҳеҷ ҷойи хавотирӣ нест ва воридоти орд ба кишвар манъ нашудааст.
Худи имрӯз мо аз чанд дӯкони ордфурӯшии маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дидан кардем. Сокинони зиёд ҷамъ шудаву барои худ орд харидорӣ ва захира мекарданд.
Муовини сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавси Мањмадсаид дар ин маврид гуфт, камчинии орду гандум овозҳои бардурӯғи баъзе соҳибкорон аст, ки мехоҳанд нархи ин маҳсулотро даҳчанд боло бурда, фоидаи бештар ба даст оранд.
— Ташкилкуннадагони ин овозаҳо аллакай пайдо шудаанд, ки нисбаташон чора андешида мешавад, — гуфт ӯ.
Ба иттилои ин шахси масъул, Тоҷикистон бо Қазоқистон ва Русия шартномаҳои ҳамкорї дорад. Яъне, дар масъалаи воридирдоти орду гандум ба кишвар ягон мушкил вуҷуд надорад. Баъдан, бо масқсади бидуни мушкил паси сар кардани фасли зимистон, барои мисол, дар анбори гардиши “Шаҳло”-и маркази вилояти Хатлон ва ба истилоҳи маъруф “Горторг”-и шаҳри Бохтар пеш аз ду ҳазор тонна захираи орд мавҷуд аст. Дар дигар анборҳо низ захираи орду гандум зиёд аст.
Масъулони мақомоти давлатӣ талош доранд, ки ба мардум фаҳмонанд, овозаҳои гарон ё камчин шудани орд дурӯғе беш нест, ки он асосан кори дасти чанд тоҷирони ҳаннот аст.
Мутасаддиёни бозорҳои вилоят иброз доштанд, ки нархи орд гарон нашудааст ва дар дӯконҳои ордфурӯшии вилоят низ ин навъи маҳсулотро бо ҳамон нархи қаблӣ мефурӯшанд.