Аз ҷониби кормандони Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар арафаи иди Рамазон ба ташкилоти ҷамъияти маъюбон, пайвандсоз ва нобиноёни шаҳри Бохтар, ҷамъияти иттиҳоди миллии маъёбон дар ноҳияҳои Қубодиён, Хуросон, хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар ва ба як қатор шахсони эҳтиёҷманд беш аз 10 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуд.
Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода гуфт, дасти кӯмак дароз намудан ба ятимон ва оилаҳои ниёзмад яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Бо ҳамин мақсад роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон бо пайравӣ аз амалҳои неку ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди Фитр беш аз 10 ҳазор сомонӣ ба ниёзмандон кӯмак расонд.
Ба гуфти роҳбари молия ба ташкилоти ҷамъияти маюбон, пайвандсоз ва нобиноёни шаҳри Бохтар ва ҳамчунин ҷамъияти иттиҳоди миллии маъюбон дар ноҳияҳои Қубодиён, Хуросон ва ба як қатор шахсони эҳтиёҷманд кӯмаки худро расониданд. Дар ин баробар ба хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар кӯмаки моддӣ аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, шириниҳо ва дигар маҳсулоти маводи аввалия кӯмак расонида шуд.
Чунин амали хайру савоб боиси хушҳоливу рӯҳбаландии бошандагони хонаи пиросолони шаҳри Бохтар гардид, ки онҳо миннатдории самимии худро ба роҳбарияти давлату ҳукумат махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, ашхоси саховатпеша иброз намуданд.
— Ҳамзамон, дар доираи ин иқдоми нек аз тарафи роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз бемории сирояти COVID-19 ба бошандагони хонаи пиросолони шаҳри Бохтар ниқоб, антисептикҳо ва ҳамчунин зиёда аз 13 намуди дорувориҳои гуногуни зарури дастрас карда шуд, — илова кард Бахтиёр Назарзода
Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ки чунин тадибирҳои неку хайрхоҳонаро минбад низ амалӣ мекунанд.