Дар вилояти Хатлон нӯҳ нафар ба вазифаҳои муовини раисони шаҳру ноҳияҳо таъйин карда шуданд.

Аз Шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ки рӯзи 14 январ, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо як қатор кадрҳое, ки ба мақоми муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо таъйин гардидаанд, баргузор шуд.

Раиси вилоят маълум кард, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти мамлакат Орифзода Маҳдӣ Маҳмуд – муовини якуми раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мӯсозода Абдухолиқ – муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ибодуллозода Асадулло Ибодулло — муовини якуми раиси ноҳияи Дӯстӣ, Шарифзода Идигул Маҳмадшариф — муовини раиси ноҳияи Хуросон, Мирзозода Алӣ Мирзо — муовини раиси ноҳияи Хуросон, Раҷабзода Алишер — муовини раиси ноҳияи Ёвон, Маҳмадализода Гулҷаҳон Раҳимҷон — муовини раиси ноҳияи Вахш, Вализода Қурбон Бобохон — муовини раиси шаҳри Бохтар, Қурбонзода Наргис Саидӣ — муовини раиси шаҳри Бохтар таъйин гардидаанд.

Гуфта шуд, ки дар ҷараёни мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншударо ба татбиқи амалии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳал, хизмати софдилонаву поквиҷдонона ва фаъолияти ба нафъи миллату давлат созгор ҳидоят кард.

Ӯ қайд кард, ки дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро саривақту сифатнок таъмин намоем.

Таъкид шуд, ки кадрҳои тозатаъин дар сатҳи маҳал бояд баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешбурди корҳои идеологӣ, равнақи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ободониву хуррамгардонӣ тамоми донишу таҷрибаашонро самаранок истифода баранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here