ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли соли 2020-ум 380 адад трансформатори гуногунтамға истеҳсол кардаст, ки ин шумора нисбати ҳамин давраи соли гузашта 47 адад зиёд аст.

ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар дар ин давра ба маблағи 30 миллиону 457 ҳазору 166 сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 733 ҳазору 84 сомонӣ зиёд мебошад, хабар доданд аз ҷамъяти мазкур.

Гуфта шуд, ки  ҶСК «Трансформатор»-и шаҳри Бохтар 11 намуд трансформатор истеҳсол мекунад ва дар 11 моҳи соли ҷорӣ 380 адад трансформатори гуногунтамға истеҳсол кардаст, ки маблағи он беш аз 18 милиону 360 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар 11 моҳи соли равон бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ 6 адад таҷҳизоти муосир барои тайёр кардани ноқилҳои алюминии қоғазпеч харидорӣ ва насб карда шудаанд.

Зикр карда шуд, ки  80 дарсади ашёи хом барои истеҳсолоти трансформатор аз кишвари Русия харида мешаваад. Инчунин, қисмате аз ашёҳои дигар аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии марудмии Чин оварда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here