Соли 2020-ум қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 103 дарсад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 1256, 2 миллион сомонӣ ворид карда шудаст, ки нисбат ба нақша 37,7 миллион сомонӣ зиёд аст.

Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бахтиёр Назарзода имрӯз иттилоъ дод ,ки дар баробари ин нишондиҳанда соли гузашта даромадҳои худии буҷети маҳалро шаш шаҳру ноҳия, аз ҷумла Панҷ 3,9 млн., Вахш 1,8 млн., Ҷомӣ 3,3 млн., Кӯшониён 1,5 млн., Хуросон 1,5 млн. сомонӣ иҷро накарданд.

— Шаҳрҳои  Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияи Ёвон маблағҳои ҳисаҷудокуниро ба буҷети вилоят  беш аз 20 миллион сомонӣ пардохт накарданд. Дар умум, аз ҳисоби иҷро нашудани кисми даромади буҷети шаш шаҳру ноҳия ва маблағҳои ҳисаҷудокунӣ ба буҷети вилоят 32,6 миллион сомонӣ ворид нагардидааст, — гуфт сардори сарраёсат дар нишасти хабарӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки барои пешгирии бемории коронавирус ва дастгирии оилаҳои ниёзманд 14,1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 7,7 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here