Соли 2018 дар вилояти Хатлон аз тарафи ноболиғон 223 ҷиноят содир шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 42 адад зиёд аст.

Прокурори вилояти Хатлон Маҳмудзода Насрулло чанде пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар рафти санҷишҳои прокурорӣ аз тарафи шуъбаи прокуратураи вилоят ва прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 175 пешниҳод, 311 эътироз, 251 амр бароварда шуда, 981 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 253 нафар ба ҷавобгарии  моддӣ ва 650 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Инчунин, 76 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, 4 949 483 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудаст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум соли 2018 дар вилояти Хатлон 6002 ҷиноят содир шудааст, ки ин рақам нисбати соли 2017-ум 100 ҷиноят камтар мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here