Дар бозору мағозаҳои вилояти Хатлон арзиши як килограм гӯшт аз 50 сомонӣ низ гузашт. Сокинон умед доштанд, ки пас аз Рамазон ва ид нархи он поён меояд, аммо баракс шуд.

Якбора ба 50 сомонӣ расидани нархи 1 кг гӯшт дар бозору мағозаҳои Хатлон сокинонро озурда кардаст. Мардум умед доштанд, ки бо анҷоми моҳи Рамазон нархи гӯшт арзон мешавад, аммо он баракс шуду нархаш то ба 50 сомонӣ расидаст.

Гӯштфурушони бозору мағозаҳои вилояти Хатлон омили ассосии баланд шудани нархи гӯштро гаронии чорво ва кунҷора арзёбӣ мекунанд. Онҳо, ҳамчунин гуфтанд, ки дар ин ҳол наметавонанд нархи гӯштро арзон кунанд.

Аз шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Бохтар ба мо хабар додаанд, ки нархи 1 кг гушт дар бозорҳои шаҳр 45 сомонӣ муқаррар шудааст. Мушоҳидаҳои имрӯзаи мо дар бозорҳои шаҳри Бохтар  нишон дод, ки арзиши 1 кг гӯшт 48-50 сомонӣ аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here