Дар ду моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 85 кӯдак аз тарафи дигар оилаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёд мебошад

Сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти Хатлон Ҳурумбӣ Мирсаидзода гуфт, ки бештар фарзандхонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ёвон, Кушониён ва ноҳияи Восеъ амалӣ мешавад.

Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки кӯдаконро бештар оилаҳое ба фарзандӣ қабул мекунанд, ки соҳиби фарзанд нестанд ва ба ин васила оилаҳои худро пойдор нигоҳ медоранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here