Дар вилояти Хатлон зз 512 корхона дар 5 моҳи соли ҷорӣ 188 адади он кор накардааст, ки ин боиси бе кор мондани 6 ҳазор коргар гаштааст. Дар ин бора  муовини авали  раиси вилоят Хайрулло Амонулло дар ҷаласаи  ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар 5 моҳи соли равон хабар дод.

Муовини якуми раиси вилояти Хатлон аз он нигаронӣ кард, ки бештари корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар шаҳру ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 39 корхона, Данғара — 14, Кӯшониён, Ёвон, Қубодиён — 10, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ, Леваканд ва Дӯстӣ — 8, мебошанд.

Хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Вахш 92, Дӯстӣ 83, Ҷалолиддини Балхӣ 85, Ҷайҳун  86 ва Шаҳритус 56 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро кам кардаанд.

— 21 корхона ва 47 коргоҳи дӯзандагӣ нақшаи истеҳсолиро дар маҷмӯъ 10 дарсад иҷро карда, дар 12 шаҳру ноҳияи вилоят корхонаҳои коркарди меваю сабзавот то ҳол сохта нашудаанд, — илова кард Хайрулло Амонулло.

Добавить комментарий