Аз 580 корхонаи саноатии вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли равон 134 адади он фаъолият накардааст, ки аз он 92 корхона мавсимӣ буда, 42 корхонаи дигар тамоман дар ин давра бекор будааст.
Аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки корхонаҳои калонтарини ордбарорӣ дар вилояти Хатлон ҶДММ «Орди Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ҶДММ «Агентии захираҳои давлатӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ба истеҳсоли орд машғул буданд, тамоман фаъолият надоранд. Ба мисли ин корхонаҳои ордбарорӣ дар ноҳияҳои Вахш, Хуросон ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ тамоман фаъолият надоранд, ки омили он набудани ашёи хом аст.
Аз бахши саноату манзили мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант гуфтанд, ки корхонаҳои калони шаҳр ҶСК «Нуриҳои Осиё» корхонаҳои саноатии ҶДММ “Орди рушди Хатлон”, ҶДММ “Беҳзод” ва ҶДММ “Абӯбакри Дилшод” бо сабабҳои надоштани маҳсулоти хом, фарсудагии таҷҳизот фаъолият накардаанд.
Шумораи корхонаҳои гуногуни саноатие, ки аз фаъолият бозмонданд, дар вилояти Хатлон зиёд аст.