Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар даҳ моҳи соли равон дар ноҳияи Панҷ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ҳатто як сомонӣ маблағ ҷудо карда нашудааст.
Мувофиқи қарори Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааҳти №639 таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба зимаи мақомоти маҳал вогузор карда шудааст. Мутассифона, ҳукуматҳои маҳаллии ноҳияи Панҷ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар ин давра барои таъмири роҳҳои маҳал тамоман маблағ ҷудо накарданд, ки ин боиси иҷро нашудани қарори мазкур шудааст. Дар ин бора муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Набӣ Ёқубов хабар дод.
Ба гуфти ӯ, шаҳри Левакант барои таъмири роҳҳои маҳалиаш ҳафт ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Дӯстӣ шаш ҳазор сомонӣ ҷудо кардаанд, ки ин маблағ барои нигоҳдории роҳҳо нокифоя мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра аз ҳисоби дигар мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар барои нигоҳдории роҳҳо 1 миллиону 277 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаст.
Дар минтақаи мавриди назар 1 ҳазору 979,6 км роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд, ки қисми зиёди онҳо ба таъмири асосӣ ниёз доранд.