Дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷети вилояти Хатлон 104 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 569,7 миллион сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 22,3 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Назарзода Бахтиёр зимни нишасти хабариаш афзуд, ки 88 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф — 470 млн сомонӣ, тандурустӣ — 201,5 млн сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ — 6,3 млн сомонӣ, фарҳанг ва варзиш — 29,6 млн сомонӣ равона карда шудааст.
Ба иттилои ӯ, шуъбаҳои «Аудит»-и дохилӣ ва назорати Сарраёсати молияи вилоят ва мутахассисони раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои вилоят мувофиқи нақшаи корӣ дар ин давра дар 323 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ интихобан оид ба мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ санҷишҳо гузаронидаанд.
Зикр гардид, ки ҳангоми санҷишҳо 4323,7 ҳазор сомонӣ камбудиҳо ошкор карда шудаанд, ки ин маблағҳо бештар ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Ёвон, Норак, Панҷ, Ҷ. Балхӣ, Данғара, Кӯшониён, Кӯлоб, Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин, Ховалинг рост меояд.
Назарзода Бахтиёр қайд намуд, ки кормандони Сарраёсати молияи вилоят ва раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳо ҳама талошҳои худро баҳри таъмини саривақтии маоши кормандони ташкилоту идораҳо равона кардаанд, то қарздорӣ ва қафомонӣ ба миён наояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here