Дар вилояти Хатлон аз ҷониби масъулони шаҳру ноҳияҳо  дар кишти картошка изофанависӣ  шудаст, ки онро  кормандони Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон зимини гузаронидани ченаки замин ошкор  кардаанд.

Сармутахассиси Кумитаи идораи замини вилоят Мирзо Менглиқулов дар нишасти матбуотии ин ниҳодн иттилоъ дод, ки тибқи маълумоти оморӣ то якуми январи соли ҷорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 1 ҳазору 370 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, аммо, мутаассифона, ҳангоми ченаке, ки аз ҷониби ин ниҳод гузаронида шуд, ошкор гардид, ки кишти картошка дар  1 ҳазору 183 гектар замин гузаронида шудаасту халос.

— Мутаассифона, масъулони шаҳру ноҳияҳо дар кишти картошка изофанависӣ карда, 187 гектар замине, ки кишт нашудаст, киштшуда нишон додаанд

Изованависӣ дар кишти картошка дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷой дорад, ки мо онҳоро ошкор кардем, — илова кард ин шахси масъул.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here