Дар вилояти Хатлон давоми чор моҳи соли ҷорӣ 6 ҳазору 843 нафар бо ҷойи кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд, ки аз ин шумора 3 ҳазору 157 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғлӣ аҳолии вилояти Хатлон  Қобилҷон Файзализода, дар ин давра ба Раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 14 ҳазору 700 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин шумора 12 ҳазору 342 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, аз он ба 7 ҳазору 828 нафар мақоми бекор дода шудааст.

— Аз 14 ҳазору 700 нафар муроҷиаткунанда 7 ҳазору 19 нафарашро занон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 5 ҳазору 997 нафараш ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, ба 4 ҳазору 150 нафар мақоми бекор дода шуд.  Аз шумораи умумии заноне, ки барои пайдо кардани ҷойи кор муроҷиат карда буданд, 3 ҳазору 157 нафараш бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, — илова кард ӯ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 2 ҳазору 376 нафар ба касбомузӣ фаро гирифта шуданд, ки аз онҳо 1 ҳазору 839 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Зикр карда шуд, ки дар 4 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 102 намоиши ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод баргузор карда шуд, ки дар ин 1112 корхона 11 ҳазору 340 ҷойи кор пешниҳод карда буданд.

— Бо баргузории ин намоишҳо 1448 нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, 2751 нафари дигар ба шуғл фаро гирифта шуданд, — қайд кард Қобилҷон Файзализода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here