Давоми ёздаҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон дар майдони 238,6 гектар ҷангалҳои нав бунёд карда шуда, ҳамчунин 630,4 гектар ҷангалҳои куҳна аз нав барқарор шудаанд.

Муовини директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қувваталӣ Назиров дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки нақшаи бунёди ҷангал 121% ва барқароркунӣ бошад, 103 дарсад иҷро гардидаст.

— Нақшаи бунёди ҷаигал дар минтақаи Бохтар 131% ва дар минтақаи Кӯлоб 113% иҷро гардидааст. Аз ҷумлаи ҷангалҳои бунёдгардида чормағз, 99,5 га писта, 32,8 га бодоми талх, 10,2 га хуч, 3 га шулаш, 10 га саксаул ва 61,1 га дигар ниҳолҳои мевадиҳанда мебошанд,-илова кард ӯ.

Итилоъ дода шуд, ки дар ин давра даромади ҷангал маблағи 1 миллиону 196 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here